РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд

6 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинӣ  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳо, ғолибону иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрӣ ва омӯзгорону волидайни иштирокчиён иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб мешаванд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, барои пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе» аз 28 феврали соли 2023  14-22 август дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар сатҳи баланд ташкил шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор ноҳияи пойтахт 411 нафар довталабон, аз ҷумла 230 нафар занон иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур аз шумораи 411 нафар иштирокчӣ 220 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 101 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспиранту докторант ва 90 нафар омӯзгорон, кормандон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун буданд. Онҳо дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, осори шифоҳии халқи тоҷик, адабиёти бачагона, осори адибони ҷаҳон ва истеъдоди эҷодӣ дар бахши назму наср ва дигар мавзуъҳои вобаста ба васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии Ватан маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон 120 нафар иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 20 нафар сазовори ҷойи якум, 40 нафар- ҷойи дуюм ва 60 нафар- ҷойи сеюм гардида, ба ғолибони ҷойҳои якум 20000 сомонӣ, ҷойҳои дувум 15000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10000 сомонӣ мукофотпулӣ ва диплом тақдим шуд.

Ҳамзамон 33 нафар дигар довталабон бинобар холҳои баландро сазовор гардидан бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён ва меҳмонон барномаи фарҳангии лабрез аз тараннуми Тоҷикистон, ишқу муҳаббат ва садоқат ба Ватан пешкаш гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram