6 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди манфиатҳои миллӣ» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд.
Қабл аз оғози конференсия асарҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.
Ректори Донишгоҳ Дилшод Раҳмон доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ изҳор дошт, ки «дар ин давра пояҳои иқтисодии ҷумҳурӣ устувор гардид ва Тоҷикистон дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ шинохта шуд. Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон имкон фароҳам дод, ки ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила бартараф намуда, шароити мусоиди зиндагиро барои худ фароҳам оваранд».
Бо баракати Истиқлолияти давлатӣ шароити таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои илмӣ – педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.
Дар идомаи конференсия дар мавзуъҳои «Дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Соҳибистиқлолӣ ва рушди давлатдории дунявӣ», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он» ва «Истиқлолияти сиёсӣ- тамоюли асоси рушди давлатдории миллӣ дар замони муосир» устодони донишгоҳ изҳори андеша намуданд.