Имрӯз дар шаҳри Бохтар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳамоишҳои расмӣ ба ин муносибат бо гузашти паради хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарии вилоят, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот идома меёбанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин ҳамоиш изҳор дошт, ки такягоҳи давлат ва устувории фазои амну суботи сарзамин ва неруи эътимодбахшу итминони мардум ба зиндагии осоишта ба қудратмандии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори қавӣ дорад. «Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташаккули он ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ агарчи ба мушкилиҳои вазнин рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, мавқеи худро дар минтақа устувор нигоҳ дошта, ба як неруи пуриқтидор ва сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст»,-афзуд Раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон фароҳам гардидааст.
Ҳамзамон иброз карда шуд, ки дар партави таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоят таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ мунтазам чораандешӣ менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ дар арафаи идҳои миллӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор чорабиниҳои фарҳангӣ, бо оростани дастурхони идона баргузор карда мешавад.
Паради низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар хиёбони марказии шаҳри Бохтар доир гардид.