РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ. Ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир гардид

Дар шаҳри Хоруғ ба ифтихори 32 — солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир гардид.

Имрӯз, 8 сентябри соли 2023 дар шаҳри Хоруғ бо иштироки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону сарбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ ба ифтихори 32 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Сипас, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиринро бо санаҳои тақдирсозу таърихӣ– 32-юмин солагрди Истиқлоли давлатӣ ва 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд, барояшон дар иҷрои вазифа далериву матонат ва комёбӣ таманно намуданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни суханронӣ иброз доштанд, ки расидан ба истиқлоли миллӣ орзую омоли чандинасраи миллати сарбаланди тоҷик буд ва ба таъкиди Роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон “Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард”.

Мутаассифона, дар раванди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мардуми мо бо имтиҳони ҷиддӣ ва сахту сангинӣ таърих, яъне ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Хушбахтона, бо азму талош ва иродаи устувору хиради азалӣ, халқи тоҷик исбот намуд, ки ҳақиқатан сулҳпарвару сулҳхоҳ мебошад ва қодир аст, бо тамоми ҳастияшон дар ҳифзи марзу буми Ватан, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият истодагарӣ намояд.

Таъкид гардид, ки дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи якпорчагии миллат, таъмини суботи комили миллӣ, нақши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва умуман, ниҳодҳои қудратию амниятӣ хеле бориз аст.

Вале набояд фаромӯш кард, ки бо мақсади таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ садҳо нафар аз ҳомиёни далеру шуҷои Ватан ҷони худро нисор намуданд, ки номи некашон ҳамеша дар хотираи мо боқӣ мемонад.

Раиси вилоят аз солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ нигоҳ накарда, ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтори боқимонда ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.

Бо ифтихор бояд қайд намуд, ки дар заминаи анъанаҳои хуби миллӣ ва заҳмати зиёди шахсони ватандӯсту соҳибилму кордон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳ бунёд ва мустаҳкам гардид.

Гуфта шуд, ки самараи заҳмату фидокориҳои ҳомиёни шуҷои Ватан аст, ки мо санаи таърихии таъсисёбии яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ- Қувваҳои Мусаллаҳро дар фазои тинҷию ороми, сулҳу суботи саросарӣ, ваҳдати комили миллӣ ва дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ, бо шукргузорӣ аз ободию осоиштагии Ватани озоду соҳибихтиёрамон ҷашн мегирем.

Дар ин росто, авзои печидаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи якпорчагӣ ва марзу буми кишвари худ ҳамеша омода бошем.

Дар ин замина, — иброз кард раиси вилоят -мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, кӯшиш ба он менамоянд, ки бо ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ҳамкории судмандро тавсеа бахшида, баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ чорҳои судманд андешанд.

-Итминони комил дорем, -ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат, ҳомиёни Ватан, ҳайати сафарбарӣ ва аз он ҷумла хурду бузурги Бадахшонзамин бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат, минбаъд низ баҳри таҳкими ваҳдату истиқлолият, суботи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ талош менамоянд ва рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллат бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

Дар идома, гузашти низомӣ бо иштироки зиёда аз се ҳазор нафар хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ баргузор карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram