Дар доираи Панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашта истодааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани Форуми мазкур тадбирҳои муҳим андешида шуда, қабули меҳмонон дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид.
Қабл аз оғози Форум дар саҳни бинои Донишгоҳи миллӣ тамошои тастовардҳои зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Форум бо иштироки намояндагони муассисаҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон кори худро оғоз намуд.