РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон вохӯрӣ карданд

13 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан диққати махсус ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дода шуд.
Вохӯрӣ дар фазои анъанавии дӯстона сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram