РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дарси кушоди Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон баргузор шуд

Имрӯз Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратура тибқи барномаи дуалӣ (1+1) иштирок намуданд. Дар ин бора аз Академияи мазкур хабар доданд.

Дар ҷамъомад Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду ҷумҳурӣ дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

Баъдан дарси кушоди Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон баргузор шуд.

Сипас дар фазои тантанавӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Саясат Нурбек ва Ректори Донишгоҳи миллии Авруосиёгӣ ба номи Л.Н.Гумилёв Ерлан Сидиков ба хатмкунандагони зинаи магистратура тибқи барномаи дуалӣ (1+1) дипломҳоро тақдим намуданд.


Инчунин меҳмонон бо Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат, Маркази ҳуқуқи кӯдак, Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо, толорҳо ва синфхонаҳо шинос шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор муассисаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва табодули таҷрибаи коршиносони соҳавӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram