РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафар ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 14 сентябр, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар чаҳорчӯби ин сафар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад, иштирок менамояд.

Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар назар аст ва дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram