РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе вобаста ба коҳиши қоидавайронкуниҳои ҳаракати нақлиёт созишномаи нав имзо шуд

Вобаста ба коҳиш додани қоидавайронкуниҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сабти аксу видео дар роҳу истгоҳҳо бо низоми зеҳнӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen» Созишнома ба имзо расид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусии  «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрути пешбинишуда тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе»  аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва роҳбари ширкати «RexGen Co.Ltd» Сюнки Джун имзо шуд.

«RexGen» ширкате аст, ки ба ҷомеа тавассути таҳияи технологияҳои нав барои ҳалли мушкилоти соҳаи нақлиёт ва соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ саҳм мегузорад.

Дар ҳошияи созишномаи мазкур дар як марҳила низоми назорати камераҳои мушоҳидавӣ дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби сармоягузории ширкати «RexGen» ба нақша гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram