14 сентябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ин бор аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо пирўзияшон муборакбод намуд.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рўи 6 номинатсия: адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср гузаронида шуд.
Соли равон дар даври вилоятии озмун тибқи хулосаи ҳайати комиссия 112 нафар довталаб, аз ҷумла 12 нафар аз номинатсияи адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 22 нафар аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, 19 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва 18 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва номинатсияи эҷоди наср ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 112 нафар ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва 57 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро гирифтаанд, мукофотҳои пулӣ супорида шуд.