РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фарҳод Салим бо вазири тандурустии Куба Хосе Ангел Портал Миранда мулоқот кард

16 сентябри соли 2023 дар ҳошияи Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Гурӯҳи 77 ва Чин дар Гавана муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Куба Хосе Ангел Портал Миранда мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни Тоҷикистон ва Куба дар соҳаҳои тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва такмили ихтисос мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкорӣ миёни муассисаҳои пажуҳишии ҳарду кишвар дар соҳаи тиб мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram