Имрӯз Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ иштирок менамоянд, вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ дар баробари варзишгарон роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Чин доир гардида, дар он варзишгарони 45 давлати қораи Осиё иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ хоҳад намуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ иброз намуданд, ки варзиш яке аз василаҳои пайвандгари халқу миллатҳо буда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ он ҳамчун ҷузъи муҳими низоми арзишҳои фарҳангии халқу миллатҳо баромад менамояд ва давлатҳои ҷаҳон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун баҳри муаррифии рукнҳои фарҳангии худ ва ҳифзи манфиатҳои миллиашон талош меварзанд.
Пешвои миллат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи варзишро таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории бевосита қарор додаанд. Варзишгарони тоҷик давоми 6 соли охир дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиалӣ иштирок намуда, сазовори 33538 медал гардидаанд, ки аз ин шумора 12654 ададашро медали тилло ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ 6450 маротиба Парчами давлатӣ парафшон ва 2000 маротиба суруди миллӣ садо додааст, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад.
Лозим ба таъкид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Хангжоу нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари фароҳам овардани шароити муносиб ба варзишгарон, инчунин қабл аз сафари онҳо ба мусобиқаҳои бузург чунин мулоқоти судманд ва муаррифии либосҳои расмӣ анҷом дода мешавад. Ин маротиб низ бо ташаббуси Роҳбарияти олии мамлакат либосу лавозимоти варзишӣ бо рангҳои парчами давлатӣ ороёфта омода гардида, ба варзишгарон тақдим шуд.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.
Дар Бозиҳои Осиёии навбатӣ Парчамбардори мунтахаби Тоҷикистон дзюдочии №1-и сангинвазнҳои ҷаҳон, паҳлавон тоҷик Темур Раҳимов интихоб шуд. Ӯ аз номи ҳайати иштирокчиён сухан гуфта, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии пайваста ва ҳамаҷониба миннатдорӣ ва сипосмандии ҳамаи варзишгаронро расонид ва иброз намуд, ки варзишгарон омодагии ҷиддӣ дидаанд ва талош менамоянд, ки зинаҳои ифтихориро соҳиб гарданд ва парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.
Ҳамзамон серҷоизадортарин варзишгар дар таърихи иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 Дилшод Назаров ба сухан гуфта, тазаккур дод, ки шарту шароити тамрин ва дастгирии варзишгарон нисбат ба солҳои пешин бамаротиб беҳтар шуда, онҳо ҷавобан ба ин кӯшиш менамоянд, то хазинаи варзишии мамлакатро бо медалҳо аз Бозиҳои Осиёӣ пур намоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Парчами давлатиро Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба онҳо барору музафаррият ва комёбиҳоро таманно намуданд.