РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда, ҳамоишу конфронсҳои илмӣ ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.  

Бахшида ба ин рӯз 22 сентябр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ, забон ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ баргузор мешавад.

Ташаббускорони конференсия Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Бунёди Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, дар он дар мавзуъҳои «Рӯдакӣ-соҳибқирони шоирон», «Устод Рӯдакӣ –падидаи забонӣ ва фарҳангии аҳли Сомониён», «Мусиқии шеъри Рӯдакӣ (бар пояи қофия ва радиф)», «Ҷойгоҳи шоир ва шеър дар дарбори Сомониён (Дар мисоли ашъори Устод Рӯдакӣ)», «Бозтоби боварҳои мардумӣ дар ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра маърузаҳо қироат мегарданд.

Барномаи фарҳангӣ бар матни ашъори Рӯдакӣ аз ҷониби устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод мегардад.

Мавриди тазаккур аст, ки соли 2002 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуда, 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram