Имрӯз, 21 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова мулоқот намуд.
Дар мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар солҳои охир изҳори хушнудӣ гардида, сафари навбатии ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда муҳим дониста шуд.
Айни замон дар доираи ҳамкории дуҷониба татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома дорад ва барои равнақи робитаҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи энергетика изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Равнақи робитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави минтақавӣ дар доираи барномаи «энергияи сабз» дар шароити тағийрёбии иқлим ба манфиати ҷомеаи ҷаҳон арзёбӣ гардид.
Робитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудааст.