РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано боиси андуҳи мо гардид.

Ҷаноби Наполитано бо фаъолияти сиёсии доманадори худ ҳамчун    шахсияти боризи давлатӣ дар ҷомеаи Италия ва берун аз паҳнои он шинохти умум пайдо намуда, соҳиби обрӯву эътибори шоиста гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар таҳкиму тавсеа ва рушди равобити неку ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Италия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорад.

Лутфан таъзияву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони ҷаноби Наполитано ва мардуми дӯсти Италия бирасонед».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram