25 сентябр аҳли зиё, олимону нависандагон, шоирону ходимони давлативу ҷамъиятӣ, меҳмонон аз гӯшаву канори мамлакат ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади иштирок дар маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» ба вилоят омада буданд, бар пояи муҷассамаи «Дуои модар» гулҳои тару тоза гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки озмун мазкур аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар пайравӣ аз арҷгузориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан – модар ва бо ин роҳ, тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дўст доштани модар – Ватан ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ эълон гардида буд.
Ёдовар бояд шуд, ки муҷассамаи “Дуои модар” дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд шуда, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст. Ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб меёбад ва дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.