РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид

Даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт оғоз гардид. Дар маросими оғози даври шаҳрии озмуни мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагон аз вазорату идораҳо, ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок намуданд. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Гуфта шуд, ки озмун имсол бо якчанд имконият амалӣ мегардад. Аз ҷумла, ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмуни мазкур соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расид.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49-то зиёд шуда, дар маҷмуъ ба 84 адад расид.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни даври шаҳрии озмун ба аъзои ҳакамон маҳорату малакаи хешро нишон доданд.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат доир мегардад.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт то 30 сентябр идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram