Имрӯз дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ- Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 сентябр эълон гардидааст, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки ташаккули институти парламентаризм яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дастоварди муҳими даврони истиқлол мебошад. Қабули Конститутсия яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Албатта, бояд ҳамаи мо хуб дарк намоем ва ба наслҳои ояндаи миллат талошу заҳмат ва ҷонбозиву ҷоннисориҳои фарзанди сарсупурдаи содиқи Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ташкили чунин ҷаласаву ҳамоиш ва машваратҳо хотирнишон намуда, ба ин васила дар вуҷуди ҳар сокини ҷумҳурӣ ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро баланд бардорем.
Гуфта шуд, ки бо итминони комил ва ифтихори бузург аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат содиқонаву софдилона фаъолият менамоянд ва тавассути қабули қонунҳои пурсамар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конститутсияи Тоҷикистони навин тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон замина гузошта шуд, ки аз ибтидои соли 2000 то имрӯз фаъолияти самараноку муназзам дорад.
Ҳамин тавр, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 22 июни соли 2023 ба имзо расидааст, санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 26 сентябр «Рӯзи Маҷлиси Олӣ– Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардида, имрӯз нахустин таҷлили он мебошад.