РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Покистон ҳамкориро дар бахши осорхонаҳо тақвият медиҳанд

26-уми сентябри соли 2023 директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои осорхонаҳо ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногуни фаъолияти осорхонаҳои ду кишвар аз қабили боздиди мутахассисон аз осорхонаҳо, омодаву нашр намудани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳо ва иштирок дар намоишу чорабиниҳои осорхонаҳои ҳамдигарро муҳокима карданд.

Маврид ба зикр мебошад, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо мақсади беҳтару хубтар намудани фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram