25 сентябри соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо, инчунин масъалаҳои мубрами густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки интизор аст дар рӯзҳои наздик дар Душанбе баргузор гарданд мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.