Дар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ густариши ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
28 сентябри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, иқтисоди сабз ва рақамӣ, андоз, стандартизатсия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак дошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо қайд намуданд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хоса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия лоиҳаҳои «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар» ва «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти минтақаҳои озоди Давлати Қатар» барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Протокол ба имзо расонида шуд.