РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе — 2023

29 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе — 2023 оғоз гардид.

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои олам иштирок менамоянд. Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 муроҷиат намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори форум барору комёбӣ орзу намуда, дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни онҳо ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон имконияти мусоид фароҳам меоварад. Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва бахусус, байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд.

Дар кишвар бо мақсади таъмин намудани заминаи устувори амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ механизми баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ, ки дорои имконияти пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ созишнома имзо намудааст.

“Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузоронро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ карда, онҳоро дастгирӣ намояд”, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо истифода аз фурсат Сарвари давлат сармоягузорони хориҷиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштарак дар самтҳои гуногун даъват намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram