РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар оғоз    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.

Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Сарвазири Озарбойҷон муҳтарам Алӣ Асадов, муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин, муовини Сарвазир — роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Галимжан Койшибаев ва меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо, инчунин  роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доранд.

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва  намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок доранд.

Муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат  аз ҳадафҳои асосии Форуми «Душанбе –инвест 2023» мебошад.

Форуми мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузор намудани ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Мавзуъҳои баррасишаванда дар ин  нишастҳо  -«Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии  рушди иқтисодӣ  ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати  энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи  кишоварзӣ  ба бозори ҷаҳонӣ»,  «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди  соҳаи  дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.

Интизор меравад, ки дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорон аз  корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе,  Норак ва Турсунзода  боздид намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram