РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор  шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.

Ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим шуд. Барои иштирокдорони ҳамоиш машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш дода шуда,  тибқи анъана бо ҳузури навдаъватшудагон маросими «Нонгазон» доир шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҳамин аст, ки  сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд. Ҳамин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 426 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.

Дар қисмати фарҳангии барнома аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе омадааст, комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки маъракаи даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур,  раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе  уҳдадор гардидаанд, ки байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram