(Забони мо яке аз 10-12 забони имрӯзи дунёст)
«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дури ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам»
Эмомалӣ Раҳмон
Агар се кишвари ҳамзабонро, аз теъдоди аҳолиаш камтар ба теъдоди аҳолиаш зиёдтар, номбар намоем дар Тоҷикистон (беш аз 10 миллион), дар Афғонистон (беш аз 30 миллион), дар Эрон (беш аз 80 миллион) ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), ки дорои гӯишҳои зиёд аст, бетарҷумон гап мезананд. Қавму миллатҳои дигар ҳам дар ин кишварҳо ба ҳамин забон муошират менамоянд. Диққат! Ин ҷо гап дар сари бо ҳамин забон суҳбат карда, ҳамдигарро фаҳмидан аст.
Рақамҳои болоро ҳисоб кунем, миқдори мардуме, ки ба забони мо гуфтугӯ менамоянд, дар ин се кишвар беш аз 120 миллион нафар аст. Бар иловаи ин тоҷикон ва форсизабонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳудудан беш аз 20 миллион (шояд бештар) зиндагонӣ мекунанд ва ба ин забон гап мезананд.
Соли 2022 дар шумораи 25-уми каталоги забонҳои дунё «Ethnoloque» (Этнолог), ки дар ШМА чоп мешавад, миқдори забонҳои оламро 7151 шумурда, аз ин теъдод сухангӯёни забони форсӣ (ғайр аз тоҷикӣ, дарӣ)-ро беш аз 77,4 миллион нишон дода, онро дар ҷадвал дар ҷои 24-ум қарор дододаанд [ниг.: https://translated.turbopages.org]. Дар асоси ин омори охир бо иловаҳои гӯяндагони забони тоҷикии Тоҷикистон, дарии Афғонистон ва дигар тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон забони мо дар радифи забонҳои асосии дунё қарор дорад. Дар натиҷаи ҳисобҳо маълум мешавад, ки дар дунё беш аз 140 миллион, ба гуфти баъзеҳо то 180 миллион нафар ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) сухан мегӯянд.
Дар китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ва пажуҳандагони дигар тоҷикӣ ва форсии дарӣ бо гӯишҳои зиёд, ки мардуми се кишвари ҳамзабон (Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) онро бетарҷумон мефаҳманд, як забон аст. Агар чунин аст, он гоҳ забони тоҷикии форсии дарӣ яке аз 10-12 забони асосии дунёст.
Мафҳуми тоҷик, форс ҳамчун қавми эронӣ беш аз ду ҳазор сол аст, ки дар сарчашмаҳо дида мешавад. Вожаи дарӣ беш аз ҳазор сол аст, ки дар канори форсӣ ва тоҷикӣ чун ҳамрадифи онҳо дар адабиёти навишторӣ ба кор меравад.
Инак, дар садаи ХХ ва дар оғози садаи ХХI дар натиҷаи воқеаҳо, ҳодисаҳо ва тақозои замон се давлати мустаъқили ҳамзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон номи забони давлатии худро бо се ном – тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ ба як маъно ба кор мебаранд.
Пурсише ба вуҷуд меояд, ки дар муддати ҳазор сол дар Осиёи Миёна амирону султонҳои турктабор буданд, вале чаро забони модарии мо аз байн нарафт? Ба ин савол дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (2016, 516 саҳ.; 2020, 432 саҳ.) бо далелҳои илмӣ, дар баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ посухи муфассал дода шудааст. Аз ҷумла гуфта шудаст, ки дар ин минтақа дар тӯли беш аз 6 ҳазор сол асосан мардуми ориёитабор (эронитабор) зиндагонӣ мекарданд. Қавму миллатҳои марбути забонҳои дигар пасонтар омаданд. Дар тӯли ҳазор соли охир мардуми эронитабори Осиёи Миёна ба гирифториҳои азими сиёсӣ, ҷангу куштору ғоратгариҳо дучор шуданд. Аммо тоҷик (форсизабон) будани аксари мардум боиси он шуд, ки халифаҳо, султонҳо, амирони ҳукумрон бо ин мардум ва забони он созиш намоянд ва ҳатто ақаллияти аз берун омада, онро омӯхта чун забони расмии давлати худ пазиранд.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба гуфти профессор, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов «баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ» доранд. Эшон дар мақолаи худ «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» дар асоси гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври муфассал, забонро аз нигоҳи сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода, ҳақбинона гуфтаанд: «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ – таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард» [Ятимов, «Ховар», 07.10.2020].
Дар китоби якуми Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» решаи бунёди забони тоҷикӣ, таърихи аз ҳамдигар ҷудо шудани забонҳои хешованди хонаводаи ҳинудуаврупоӣ, ба ҳамдигар наздик будани забонҳои гурӯҳи эронӣ ва дар се кишвар се ном гирифтани забон (Тоҷикистон – тоҷикӣ, Афғонистон – дарӣ ва Эрон – форсӣ) дар асоси далелҳои илмӣ баррасӣ шудааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи миллати тоҷик ва забони вайро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдор сохт. Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти кишварамон ба забони тавоно табдил ёфта, ҳамчун забони расмии давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Баъди Истиқлолият забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, муоширати миллатҳо, робитаи байналмилалӣ ва ҳамчунин дар муассисаҳои эроншиносии кишварҳои олам мавриди истифода ва омӯзиш қарор гирифт.
Дар давраи Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба густариши қаламрави забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва масъалаҳои гуногуни гузашта ва имрӯзаи он асарҳои зиёд ба нашр расид. Аммо нашри китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (китоби аввал 2016; китоби дуюм 2020) дар ин марҳалаи таърихӣ дорои арзиш баланд буда, он дар пайванд ва ваҳдати мардуми эронитабор, бахусус форсизабонон, ҷойгоҳи вижае дорад.
Дар ин ду китоб бо санадҳои илмӣ мафҳуми «тоҷику тоҷикӣ», «форсӣ», «дарӣ» ҳамрадифии онҳо, решаи пайдоиши қавми тоҷик дар партави фарҳанги мардуми ориёитабор, ҷойгоҳи забон дар муҳити хонаводаи забонҳои ҳинудаврупоӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ, дар масири воқеа, ҳодиса ва кашмакашиҳои таърихии кишварҳои дар гузашта мавҷуд, нишон дода шудааст.
Китоби аввал аз пешгуфтор ва шаш боб, хулоса ва китобнома иборат мебошад. Ҷаноби Олӣ дар оғози пешгуфтори ин китоб бо нигоҳи мантиқӣ ва воқеъбинона ҳадафи аслии худро баён намуда, бо таъкид оид ба ҷойгоҳи имрӯзии тоҷикон, ориёшиносӣ, эроншиносӣ, тоҷикшиносӣ, забони тоҷикӣ гуфтаанд: «9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гардид. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 5].
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон пешгуфтори китоби аввал аз нуқсонҳои пажуҳиши солҳои пеш ёдовр шуда, ба ёд меоранд, ки тамоми мероси пешинаи худро бо нигоҳи нави барои миллат ва кишвар мубрам таҳқиқ бояд кард. Аз ҷумла, олимона ва оқилона омӯхтани забони модарӣ, таърихи гузаштаи онро лозим дониста, таваҷҷуҳи пажуҳандагонро ба таҳқиқи бештари он ҷалб намуданд, ки ин аз баракати Истиқлоли кишвар аст: «Бо фаро расидани Истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳимми шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 11].
Муаллиф дар асоси мутолиаи таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҷаҳон марҳалаи нави омӯзиш ва пажуҳиши забонро дар пайвастагии истиқлолияти кишвар, ҷунбишҳои пешинаи истиқлолхоҳӣ ва ватанхоҳӣ ёдовар мешаванд, то наслҳои оянда ба ин нукта бештар таваҷҷуҳ намоянду таърихи пешинаи онро бидонанд: «Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 13].
Зимнан гуфтаанд, ки неруи ин забони хушнаво чунон қудурат дошт, ки бо талоши равшанфикрони оқили он аз печу хамҳои таърих эмин монда, ба воситаи он тарҷумаи осори таърихӣ, динӣ, аз ҷумла Куръони маҷид ва ҳозорон осори адабӣ, фалсафӣ, мардушиносӣ ва фарҳангӣ таълиф шуд. Ҳатто дӯстдори ин забони гуворо, ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ҳамосаи беназири «Шоҳнома»-ро офарид, ки дар ин бора Пешвои миллат гуфтаанд: «Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кӯшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзиданд, Қуръони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) баргардонанд. …Шоири роздон ва баландфикр Ҳаким Фирдавсӣ парешонӣ ва заволи давлати Сомониёнро ҳис кард, ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи ҳикоёт, достонҳо ва расму оини гузаштагон пардохт ва бузургтарин достони ҳамосии ҷаҳон «Шоҳнома»-ро офарид» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 14-15].
Ба гуфти Пешвои миллат ҳатто аз фатҳи густурдаи забони арабӣ эмин монда «дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем». Бинед, ки чи гуна ба таърихи гузаштаи забони мо, ки дар иҳотаи забони арабӣ монда буд, шояд дар раванди таърих ба нобудӣ мерасид, баҳои муносиб медиҳанд ва ҳақиқатро дар пайвастагии се номи имрӯзаи як забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) баён медоранд: «Дар натиҷа як ҳолати дузабонӣ дар ҷомеа, махсусан дар шаҳрҳои калон пайдо шуд. Бо вуҷуди ин ҳама барои оммаи васеи мардумони Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар манотиқи Эрон, ки дини мубини исломро нисбатан ба осонӣ қабул карда буданд, забони арабӣ забони бегона боқӣ монд ва ҳаргиз ба ҳайси забони умумӣ пазируфта нашуд. Баръакс забонҳои хурду бузурги пароканда дар миёни мардумони эронитабори ин минтақа на танҳо ба забони арабӣ муқовимат карданд, балки дере нагузашта ба яке аз шохобҳои қавитари хешованди худ пайваста ва ё дар он ҳаллу ҳазм шуда, зояндарӯди пурмарворидеро ба номи забони шевои «тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ)» ташкил намуданд, ки то имрӯз бо ҳамон ҷӯшу хурӯш равон аст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 16].
Мо медонем, ки дар солҳои охир дар атрофи забони мо чӣ баҳсҳое сурат гирифтанд ва ҳоло ҳам идома дорад. Гоҳе ин баҳсҳо аз мантиқ берун мераванд. Пешвои миллат забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро аз ҳамдигар ҷудо намедонанд, дар асоси воқеияти таърихӣ ҳуқуқи таърихӣ пайдо намудани «тоҷикӣ»-ро таъкид намудаанд, ки ин як навъ ҳаққи номи забон дар ин марҳалаи таърихӣ аст. Барои ҳамин ба имрӯзиён ёдовар мешаванд, ки инро донанд, ки мо кишварҳои ҳамзабон дар ин марҳалаи «ҷаҳонишавӣ» «забони худро ҳифз намоем». Бале, маҳз ҳамин ҳамбастагӣ метавонад забони моро нерумандтар гардонад: «Барои насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтааст. Ба назари мо муҳим он аст, ки онҳо аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сардии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд. Акнун дар ин замони ҷаҳонишавӣ бояд бикӯшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин, бо ёрии ҳамдигар истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз карда, рукнҳои пойдории миллат ва кишварро таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 19].
Бале, забони мо аз ҳамзабонҳо ҷудо нест. Вале ҳоло таърих ба тоҷикон, ба як қавми эронитабори бостонии форсизабон, номи тоҷикӣ додааст, ки ба гуфти Пешвои миллат ин ҳамон муродифи форсӣ ва дарӣ аст.
Боби аввали китоб «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ» аст. Ин боб аз се бахш: «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо», «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ», «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ» иборат аст. Ҳангоми барасии ин масъалаҳо муаллифи китоб такрор ба такрор ба насли оянда ёдрас мешаванд, ки пешинаи забони тоҷикии мо ба он гузаштаи ориёии худ пайванд аст: «Яъне ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки дар ин давраи тамаддуни бостонии мо қавмҳои ориёӣ ҳарчанд ба сарзамин ва кишварҳои мухталиф паҳн шуда бошанд ҳам, асолати этникӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар осори бозмондаашон барои таъкид кардани ин умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ худро ва забони худро ориёӣ хондаанд ва забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авесто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро ба қалами Айниву Турсунзода ва Аллома Ғафуров бинависад» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 41].
Дар ин бахш, ҳамчун далел, аз китобҳои бостонии «Ведо», «Авесто», забони давраи Ҳахоманишиён ва сарчашмаҳои зиёд ёд намуда, ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар байни гурӯҳи забонҳои эронӣ «забони авестоӣ», «забони модӣ», «забони форсии бостон», «забони форсии миёна», «забони портӣ», «забони бохтарӣ», «забони суғдӣ» муайян карда воқеъбинона гуфтаанд: «Забони тоҷикии мо, ки ба ивази забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, меросбари воқеии ин забонҳо мебошад» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 79].
Боби дуюми китоб «Саргузашти таърихии вожаи ‚тоҷик’ ва забони тоҷикӣ» ном дошта, аз бахшҳои «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ», «Муродифҳои вожаи «тоҷик», «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ», «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ», «Номи забони мо» иборат аст.
Ҳамин тавр Пешвои миллат бо ишора ба гуфтаҳои Ж. Сан-Мартен, А. Хромов, Е. К. Мейендорф, Ф. Д. Люшкевич, Н. В. Хаников, М. А. Терентйев, Ҷ. Сиддиқӣ, А. Ҷовид, К. Бекзода, Ҳ. Муминҷонов, В. В. Бартолд, А. Вамбери, Т. Нелдеке, Г. Ҳюбшман, А. Н. Бернштан, И. И. Умняков, М. Минавӣ, Ғ. Ҷ. Доварӣ ва луғатномаҳо оид ба маънои тоҷик сухан гуфтаанд. Сипас мафҳуми калимаи тоҷикро дар асоси гуфтаи мантиқии устод С.Айнӣ меоранд ва натиҷагирии худро чунин иброз менамоянд: «Маъмулан калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи «тоҷик» ба ҷойи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 88].
Ба идомаи ин гуфтаҳо омадааст: «Дар аксари асарҳои бозмондаи адабиёти санскрит дар минтақаи Ҳинд калимаи «тоҷик» ба маънои «форс» ё «эронӣ» қайд шудааст, яъне вожаи «тоҷик» бо форсизабон ҳаммаъно будааст. Вожаи «тоҷик» дар Ведҳо ба маънои «ориёиҳо» истифода шудааст, ки аз лиҳози таърихӣ ба ҳазорсолаи дувуми қабл аз мелод мерасад» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 89].
Мафҳуми «тоҷик» дар тӯли таърих маъниҳои гуногун пайдо намуда, ки Пешвои миллат зери унвони «Муродифҳои вожаи «тоҷик» ин масъларо шарҳ додаанд. Зимнан оид ба «Муносибати мутақобилаи вожаҳои «тоҷик» ва «турк», «Деҳгон, деҳқон ва вожаи «тоҷик», «Озодагон ва вожаи «тоҷик», «Ашрофу аъроб ва тоҷику тозӣ», «Тоту сарт ва вожаи «тоҷик» ақидаи худро баён намудаанд.
Аз ҷумла он маъниҳоеро, ки дар тӯли таърих вожаи «тоҷик» пайдо намудааст, дар асоси санадҳои таърихӣ ва адабӣ шарҳ додаанд: «Дар бисёр мавридҳои дигар ин вожа чун номи мардуми форсизабони ориёинажод дар осори адабиву фарҳангии мо бо калимаҳои зиёде аз қабили эронӣ, аҷамӣ, порсӣ ё форсӣ, деҳқон ё деҳгон, аҳрор ё абнои аҳрор ё абноулаҳрор, озод, озода, озодагон, озодзодагон, озоднажод ё озоданажод, озодмардум ё озодамардум, порсиён, порсигавҳарон ё форсигавҳарон, тоҷдорон, яздоншиносон ва ғайра муносибати муродифӣ доштааст ва мавриди истифодаи фарҳангиён ва муаррихон будааст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 105-106].
Ҳангоме ки дар бораи «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» сухан гуфта шудааст, Пешвои миллат мегӯянд: «Барои то андозае равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бояд пеш аз ҳама ин нуктаро дар назар дошта бошем, ки забони модарии мо имрӯз дар се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба сифати забони расмӣ бо номҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ амал мекунад. Агар аз чанде тафовутҳои луғавӣ, овоӣ ва услубӣ сарфи назар кунем, мебинем, ки ин забон дар ҳар се кишвар дорои тартиб ва сохтмони дастурии ягона буда, дар дарозои таърих тағйироти ҷиддиеро аз сар нагузарондааст…
Забони тоҷикӣ, ба ақидаи мо, ҳар қадар барои як тоҷики Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳамчун забони модарӣ муқаддас бошад, ҳамон қадар барои тоҷикону форсизабонони Афғонистону Эрон ва дигар минтақаҳо азизу гиромист» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 113].
Бале, Пешвои миллат дуруст гуфтаанд. Ба ин нукта донишмандони кишварҳои Эрону Афғонистон ва ховаршиносони хориҷӣ низ борҳо ишора намудаанд, ки ин номҳо ҳамрадифу ҳамаъно ҳастанд. Аз ҷумла раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил соли 2006 зимни суханронии худ дар ҳамоиши Анҷумани тоҷикон ва форсизабони ҷаҳон – «Пайванд» гуфта буд: «Номи «абрешим»-ро гоҳе «парниён» биномӣ, гоҳе «ҳарир», гоҳе «паранд» биномӣ ҳамон «абрешим» аст, якест. Агар мо дар Эрон «порсӣ» мегӯем, шумо дар ин ҷо бад-он «тоҷикӣ» мегӯед ва дӯстони Афғонистон «дарӣ» мегӯянд, ҳама аз як гавҳари воло сухан мегӯем ва ҳамон амрест, ки мояи ҳамдилӣ ва ҳамзабонии мост» [Одил Ғ., «Пайванд» 2007, №12, с. 23].
Дар идомаи суханҳои худ Пешвои миллат бо истифода аз фарҳангҳои замони гузашта ва бо истинод ба гуфтаи пажуҳандагон С. Нафисӣ, М. Муин, З. Сафо, М. Ғубор, А. Ҳабибӣ, М. Таботабоӣ, Е. Э. Бертелс, С. Айнӣ, А. Фрейман, И. М. Оранский, Б. Ғафуров, П. Н. Хонларӣ, М. Баҳор, Ҷ. Матинӣ, А. Мирзоев ҳамбастагии мафҳуми «тоҷик»-ро бо забонҳои эронии қадим тавзеҳ додаанд, то хонандаи китоб аз воқеият огоҳ шавад: «Дар маҷмуъ имрӯзҳо теъдоди зиёди забоншиносон бар ин ақидаанд, ки забони тоҷикӣ, (форсӣ, дарӣ) тақрибан дар асрҳои 4-5 милодӣ дар Бохтар (Афғонистони шимолӣ, Бадахшон, Балх, Бағлон, Хатлон, Ҳирот, Парвону Кобул), ки имрӯз ҳам бахши бештари аҳолиро дар ин минтақаҳо тоҷикон ташкил медиҳанд ва Тоҷикистону Ӯзбекистон (асосан минтақаҳои ҷанубӣ ва Туркманистон (Марви қадим)) дар асоси забони бохтарӣ ва лаҳҷаҳои портӣ (паҳлавӣ) ва форсии миёна – паҳлавии сосонӣ пайдо шудааст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 130].
Бар иловаи ин гуфтаҳо оид ба пайдоиши забони тоҷикӣ афзудаанд: «Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омӯст. Ба иборати дигар, ин забон дар заминаи забонҳои бумии ин марзу бум: суғдӣ, тахорӣ, портӣ… ва дар фароянди доду ситад ва ҳамёриву ҳамтаъсирӣ бо забони паҳлавӣ (форсии миёна) аз ҳисоби ин забонҳо дороӣ афзуда, ташаккул ёфт ва ба дараҷаи забони илмиву адабӣ расид» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 131].
Пас аз баррасии муфассал нисбати даврабандии забони тоҷикӣ чунин пешниҳод намудаанд: «Бинобар ин, вақте сухан дар бораи забони тоҷикӣ меравад, ба назари мо, онро бояд ба давраҳои зерин тақсим кард: давраи ташаккул, такомул, давраи забони форсии дарии адабӣ, ки ин давраҳо барои забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ муштарак аст, давраи таҷаддуд ва навҷӯйӣ, маорифпарварӣ давраи забони тоҷикии аҳди шӯравӣ – замони бозсозӣ ва содагаройӣ ё демократӣ кардани забон, давраи забони тоҷикии замони Истиқлол (давраи бозгашт ба асли забон)» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 131].
Яке аз баҳсҳои доғ ин номи забон дар кишвари мо мебошад. Ин масъаларо низ мувофиқи воқеияти таърихии гузаштаву имрӯз ҳал карда гуфтаанд: «Дар осори таърихӣ ва адабии гузашта забоне, ки мо имрӯз бо он гуфтугӯ мекунем бо номҳои мухталиф – тоҷикӣ, порсӣ, муарраби он форсӣ, дарӣ, порсӣ ё форсии дарӣ дарҷ гардидааст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 138]. Ба идомаи ин сухан, ки мо аз ҳамзабонон ҷудо нестем, вале ҳақиқати имрӯзаи таърихӣ чунин аст: «Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон – ‚забони тоҷикӣ’ ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо – Тоҷикистон мебошад» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 145].
Зимнан пешвои миллат таърихи пешинаи вожаҳои «дарӣ» ва «форсӣ»-ро низ дар асоси сарчашмаҳои зиёди воқеӣ шарҳ дода, ба як нуктаи муҳим ишора намудаанд: «Хулоса, ҳамгироии ин гунаҳои забон, яъне тоҷикиву дариву форсӣ дар бахшҳои гуногуни пажуҳишҳои забоншиносӣ, махсусан дар бахши ҳамгунсозии истилоҳоти илмиву фаннӣ як амри ногузир ва воқеӣ аст» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 153-154].
Сипас муаллиф дар боби сеюми китоб зери унвони «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» дар бахшҳои «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин», «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр», «Забони модарии мо дар аҳди Тоҳириён», «Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ» дар бораи сарнавишти забони тоҷикӣ дар ин даврон назари худро баён намудаанд.
Хонанда дар боби чоруми китоб «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» оид ба «Куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ», «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ», «Замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ», «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» маълумот мегирад.
Унвони боби панҷуми китоб «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» ном дошта, аз бахшҳои «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён», «Вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён», «Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён», «Забони модарии мо дар аҳди Зиёриён ва ё Повандиён», «Забони модарии мо дар аҳди Оли Бӯя» ташкил ёфтааст.
Муаллиф дар боби шашум роҷеъ ба «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» сухан ронда, дар бахшҳои «Густариши забони мо ба минтақаҳои дигари ҷаҳон», «Забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён», «Забони модарии мо дар аҳди Ғуриён», «Забони тоҷикӣ дар аҳди Хоразмшоҳиён», «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» муфассал изҳори назар намудааст. Аз рӯи баррасиҳо, ба ин давраҳои пурталотуми таърихӣ, ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бингарем, аз устувории он шод мешавем. Маълум мешавад, ки дар ҳар замон мардум забони худро дӯст дошта, онро ба наслҳо интиқол додаанд. Дар айни замон равшанфикронаш асарҳо эҷод намуда, забонро аз газандҳои беамон эмин нигоҳ доштаанд. Аз баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои дигар забон на танҳо пойдор мондааст, балки густариш ёфта, ба забони байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро Пешвои миллат чунин ёдрас намудаанд: «Хулоса забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рӯзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ кунад, балки тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад» [Раҳмон 2016, китоби 1, с. 445].
Китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» (2020) аз сарсухан ҳафт боб, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоби дуюм идомаи китоби аввал буда, дар он низ забони тоҷикӣ дар раванди воқеаҳои таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар китоб бо мисолҳо гуфта шуда, ки чи гуна дар тӯли таърих забони мо аз моҷароҳои қавмҳои бегона дар амон монда то замони мо расидааст.
Пешвои миллат дар боби аввали китоби дуюм «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон», дар шаш бахш ба масъалаҳои «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон», «Забон ва адаби тоҷикӣ-форсӣ дар ин давра», «Вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар давраи таназзули ҳукумронии муғулҳо», «Забон ва илму фарҳанг дар ин давра», «Авзои сиёсӣ ва таърихӣ дар давраи Темуриён», «Вазъи забону адаб дар ин аҳд» таваҷҷуҳ намуда, ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар ҷараёни воқеаҳои минбаъдаи замон нишон додаанд [ниг.: Раҳмон 2020, китоби 2, с. 5-86].
Агарчи дар ин марҳалаи таърихӣ ба сари мардуми сокини аслии Осиёи Миёна тоҷикон бадбахтиҳои зиёд омад, вале равшанфикрони донишмандаш, тибқи суннатҳои пешин, бо донишу заковат аз тариқи забон ба адабиёт, таърих ва фарҳанги миллӣ аҳамият дода онро равнақ бахшиданд. Дар айни замон ин забони зебову шево ишғолгаронро мафтуни худ карда, дар натиҷа забони мо дар давлатдории ҳукумронҳои нав пазируфта шуд. Амирону султонҳои замон аз тариқи забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) сиёсат ва фаҳмиши худро то ҳадде сайқал дода, онро омӯхтанд. Аз баёну тавзеҳи муаллиф маълум мешавад, ки зимомдорон онро барои муносибату муомилаи байналмилалӣ низ ба кор бурдаанд.
Боби дуюми китоби дуюм «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» ном дорад. Муаллиф хеле хуб бо далелҳо нишон додааст, ки забони тоҷикӣ (форсӣ) забони расмӣ ва хонаводагии султонҳои Ҳинд шуда буд. Онҳо ҳамаи корҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро аз тариқи ин забон ва намояндагони донишманди он пеш мебурданд. Дар ин боб ба масъалаҳои «Густариш забони мо дар Ҳинд ва даврабандии он», «Раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд», «Забони тоҷикӣ ва Темуриёни Ҳинд», «Сабки ҳиндӣ ва вежагиҳои забони мо», «Фарҳангнависӣ дар Ҳинд», «Дастурнависӣ ва дигар осори илмии забони тоҷикӣ» дикқат дода шудааст [ниг.: Раҳмон 2020, китоби 2, с. 87-157].
Дар ин давраи таърихӣ низ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) осори арзишманд таълиф шуд. Дар китоби дуюм нишон дода шудааст, ки чи гуна фарзандони фарзонаи миллат бо сухан, қалам, донишу хирад амал карда, асарҳои мондагор офаридаанд. Дар натиҷа султонҳои он даврон шефтаи забону фарҳанги мо гардида, онро бо муҳаббат ба кор гирифтаанд.
Ҳамин тавр дар боби сеюм оид ба «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XIV», дар боби чорум «Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII-XVIII», дар боби панҷум «Забони тоҷикӣ дар асри ХIХ», дар боби шашум «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон», дар боби ҳафтум «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ» ҷойгоҳи забони ноби модарии мо дар рафти воқеа ва ҳодисаҳои сиёсиву таърихӣ, моҷарову муноқишаҳои байни давлатҳо нишон дода шудааст [ниг.: Раҳмон 2020, китоби 2, с. 158-392].
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳар бахши бобҳои китоби дуюм мавҷудияти забони мо дар асоси сарчашмаҳои муътамад таҳқиқ ёфтаст. Аз иқтибосҳо, мисолҳо ва баҳсҳое, ки дар китоб оварда шудааст, маълум мегардад, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол ҳам мардум ва ҳам фарҳангдӯстони фидокор то имрӯз нигаҳбону посбони забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) будаанд.
Ҳамаи ин талошҳо ва заҳматҳои беҳамтои мардум ва адибону равшанфикрони кордону зирак буд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол дар рӯзгори мо бо ҳамон зебоиҳояш расид. Ҳолон ки дар задухӯрдҳои таърихӣ забонҳои зиёд аз байн рафтаанд ва ё то ҳадде ба тағйирот дучор шудаанд, ки соҳибонаш матнҳои 400-500 сол пешро ба воситаи тарҷума мефаҳманд.
Хушбахтона, забони мо бо вуҷуди гӯишҳои зиёди хушнаво доштанаш ҳамоно соҳибонаш осори гаронбаҳои дар тӯли беш аз ҳазор сол дастрасро пурра дарк менамоянд. Дар ин хусус забоншиноси маъруфи рус академик И.М.Стеблин-Каменский воқеъбинона гуфтааст: «Ба назарам забони форсӣ яке аз забонҳои хеле муҳимтарини дунёст. Дигар забонҳое, ки дар ҷаҳон ҳастанд, ҳама ба тағйирот дучор шудаанд. Вале форсии тоҷикӣ дар ҷаҳон ягона забоне аст, ки бештар аз ҳазор сол барои мардумаш фаҳмо ва маҳфуз мондааст. Дар забонҳои дигари дунё тағйирот зиёд аст. Масалан, 500 сол пеш аз Русия шахсе ба номи Афанасий Никитин ба Ҳиндустон меравад ва дар бораи он кишвар чизе менависад, мо бояд онро ба забони имрӯзи русӣ тарҷума кунем, вагарна бидуни тарҷума намефаҳмем, ки чӣ навиштааст. Ё ба забони инглисӣ, фаронсавӣ 500 сол пеш ҳар чӣ навишта шудааст, бояд тарҷума шавад. Забони арабӣ ҳам чунин аст. Агар Қуръон набошад, забони арабиро фаҳмидан мушкил аст, вале Қуръон як забони динӣ аст.
Ба такрор мегӯям, ки воқеан дар ҷаҳон чунин забоне нест, ки дар таи ҳазор сол ба мардум фаҳмо монда бошад, ба ғайр аз форсии тоҷикӣ. Мардум имрӯз ҳам матни беш аз ҳазор солро бидуни тарҷума мефаҳманд. Мо метавонем шеърҳои Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, рубоиёти Умари Хайёмро мисол орем, ки бештар аз 900-1000 сол пеш суруда шуданд, вале имрӯз ҳам онҳоро мехонему мефаҳмему азёд мекунем. Чунин забоне монанди забони форсӣ дар ҷаҳон дигар нест» [Стеблин-Каменский, «Пайванд» 2008, №14, с. 46-47; Раҳмонӣ, «Адабиёт ва санъат», 2008, 17 июл].
Дар ҳақиқат чунин аст. Дар ду китоби Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» аз решаҳои бунёдии он шуруъ намуда, то ибтидои асри ХХ таъриху таҳаввули забон, ки ҳоло бо номи «тоҷикӣ» забони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мавриди баррасии муфассал қарор гирифтааст. Дар охири китоби дуюм Ҷаноби Олӣ гуфтаанд: «Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфону рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд» [Раҳмон 2020, китоби 2, с. 5].
Ҳамин тавр мо ворисони ин забон бояд онро аз дилу ҷон нигаҳдорӣ намуда, ҳар чи тавонем биомӯзем, эҷод намоем, ташвиқ кунем, аз байни мардум гавҳарҳои дурахшонашро пайдо карда вориди забони адабӣ созем, то ояндагон аз он баҳра баранд.
Инак, бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон талош доранд, ки ин забону ин кишвар зеботару ободтару шукуфотар бошад ва мардум дар сулҳу оромишу ваҳдат зиндагонӣ намоянд.
Муборак бод рӯзи забони модарӣ.
Равшан Раҳмонӣ
профессори ДМТ