РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Панҷакент маросими гусели гурӯҳи аввали наваскарон ба хидмати ҳарбӣ баргузор гардид

2 октябр дар саҳни майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент маросими гусели гурӯҳи аввали наваскарон ба хидмати ҳарбӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Даъватшавандагонро намояндаи Ҳукумати мамлакат, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Бониёзов аз номи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо Рӯзи даъватшаванда ва оғози маъракаи даъватии тирамоҳии ҷавонон бо хидмати ҳарбӣ шодбош гуфтанд.
Қобили ситоиш аст, ки дар рӯзи нахустини гусел аксари ҷавонон бо хоҳиши худ хидмат ба Ватанро ихтиёр кардаанд. Як қисми онҳо ҳамчунин дар мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа таҳсил карда, чун мутахассис дар сафи артиш хидматро ба ҷо меоранд.Дар маросими гусели наваскарон ба як гурӯҳ хатмкардагони ин мактаб шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.Намояндагони наваскарон ва волидон низ дар назди ҳозирин сухан гуфтанд.
Чун анъана дар идомаи маросими гусел наваскарон аз нони модарон насиба гирифтанд, то хидмати Ватанро содиқона ба ҷо оварда, боз ба назди волидон баргарданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои даъватшавандагон барномаи рангини щунарӣ , ки аз сурудҳои тараннумгари Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам шуда буд, пешкаш гардид ва онҳо зери садои мусиқӣ ва фотиҳаи волидон ба хидмати Ватан гусел карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram