Аз 3 то 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои ватанию хориҷӣ баргузор гардида, намоишҳои ҷолиби фарҳангӣ ва аксу мусаввараҳо ба роҳ монда мешаванд.
Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» 3 октябр, соати 9:00 муайян гардидааст.