РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

5 октябри соли равон дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ, ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, дигар шахсони расмӣ, аҳли илму адаб, намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни ироаи сухани шодбошӣ зикр кард, ки хусусиятҳои ниҳодии забон ва шароити имрӯзаи мавҷудияту фаъолияти он, инчунин, вазъияти дар ҳамаи самту соҳаҳо, бо суръати баланд, тағйирёбандаи ҷаҳонро ба инобат гирифта, бо ҳидоят, дастур, роҳнамоӣ ва роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимияти омадан, диққати махсусро ба ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ дода, бо додани мақоми давлатӣ ба он, ҷойгоҳи забони миллиро муайяну мустаҳкам намуданд.

Гуфта шуд, ки масири таърихии забони миллат тавъам ба шоҳроҳи ҳазорсолаҳо тайнамудаи миллати тоҷик мебошад, яъне забон ҳам марҳилаҳои пурпечутоб ва пасту баландро тай намуда, гоҳ ба авҷи муътабар мерасид ва гоҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегашт. Аммо, фарзандони миллатдӯст, бо қиммати ҷону озодӣ, дар ҳеҷ давр нагузоштанд, ки ин гавҳари пурҷилло зери по афтад.

Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоҳноманавис Абулқосим Фиравсӣ, олиму табиб Абӯалӣ ибни Сино, Ҳаким Носири Хусрав, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш ва ҳазорон ҳазор файласуфону адибону олимон ва санъаткорон бо эҷоди худ онро дар қораҳои гуногуни олам паҳн менамуданд.

Баъди анҷоми суханронӣ аз ҷониби аҳли санъату фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram