РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе таҳти унвони «Забон-пояи устувори давлат» ҳамоиш доир гардид

4 октябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ таҳти унвони «Забон-пояи устувори давлат» дар масири тантанаҳои ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила назари худро вобаста ба фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, иброз намуда, изҳор дошт, ки “забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад”.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маъруза намуда, таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доштани забони давлатиро изҳор доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram