РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ВМКБ. Даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон –оинаи таърихи миллат», “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Маснавихонӣ” ҷамъбаст гардид

4 октябри соли равон дар Муассисаи таълимии давлатии “Макатби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ” маросими ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон –оинаи таърихи миллат», “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Маснавихонӣ” баргузор шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон роҳандозӣ гардидаанд, ба ҳукми анъана даромадааст. Ин тадбири саривақтии Роҳбари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, малакаю ҷаҳонбинии сокинони кишвар, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат кард, балки барои эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Аз он ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” имрӯз дар байни ҷомеа маҳбубияти зиёде пайдо намуда, дар радифи беҳтар шудани сифат ва сатҳи баргузории озмунҳо, ҳамзамон теъдоди иштироки довталабон низ дар онҳо ҳамасола афзуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари дурандешу маърифатпарвар дар ҷомеаи Тоҷикистон, миёни қишрҳои гуногун ҳамовозии амиқ пайдо намуда, ба ин васила иқтидори илмии кишвар таҳким ва нерӯи зеҳнии аҳли ҷомеа боз ҳам рушду такомул меёбад.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар, дар баробари дигар ҷанбаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ барои рушди тафаккури зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии сокинон, бахусус насли наварасу ҷавон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаву стратегия қабул гардида, дар ин росто, сатҳи таълиму тарбия, худогоҳӣ аз фарҳанги бойю ғановатманди миллати тоҷик, арҷ гузоштан ба таърихи гузашта низ бамаротиб боло бардошта шуд.

Дар баробари озмунҳои зикргардида, соли ҷорӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳуввияти миллию худшиносӣ, ду озмуни дигар, яъне озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат» ва “Маснавихонӣ” рӯйи кор омаданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз аҳамияти озмунҳои мазкур дар таълиму тарбияи насли наварас гуфта гузашта, таъкид кард, ки то баргузории озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки рӯзҳои башумор мондааст, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, омодагии ҳамаҷониба дида, сатҳи донишу маърифати худро, бо иштироки сазовор, пешниҳод намоем.

Раиси вилоят ба кумитаи тадорукотии баргузории чорабиниҳо, ки дар сатҳи хуб ташкил гардиданд, ҳакамони озмун, ҷиҳати баҳогузории холисона, волидайн, устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ арзи сипос ва ба ғолибони даври вилоятӣ барои иштирок дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ барору комёбӣ таманно намуданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба иштиркчиёни даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон –оинаи таърихи миллат», “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Маснавихонӣ”, ки ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, Ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси вилоят тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram