РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони “Ганҷи саодат” намоиш ифтитоҳ гардид

6-уми октябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони “Ганҷи саодат” намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) Веббер Ндоро, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо дар ифтитоҳи намоиш зикр намуд, ки Ҳофизи Шерозӣ – бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс буда, дар адабиёти ҷаҳон мақоми баланд дорад. Зеро, номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ гузашта, дар тамоми дунё машҳур шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ашъори ӯ дар қатори пурарзиштарин осори инсоният дар китобхонаҳои машҳури дунё маҳфуз мебошанд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ ҳамасола 12-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, дар Осорхонаи миллӣ бори нахуст намоиши нусхаҳои дастнависи осори ин шахсият ташкил ва ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” намунаҳои гуногуни нусхаҳои дастнависи девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ гузошта шудаанд. Як қисми осори ба тамошо гузошта шуда, дастнависҳои нодири ғазалиёти Ҳофиз мебошанд.
Инчунин дар намоиш намунаҳои хушнависӣ гузошта шудаанд, ки дар онҳо машҳуртарин мисраҳои шеърии Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби яке аз хушнависони чирадасти кишвар Комилҷон Саидолимов навишта шудаанд.
Барои пайравону муштоқони Ҳофизи Шерозӣ имкон фароҳам оварда шудааст, то аз осори гаронарзиши ин ғазалсарои тоҷику форс дидан намоянд.
Намоиши “Ганҷи саодат” то рӯзи 20-уми октябр идома менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram