4 — мин Кинофестивали байналмиллалии филмҳои мустақили Гандҳара (Покистон) имрӯз оғоз шуд. Сомонаи он хабар медиҳад, ки Тоҷикистонро филми кӯтоҳи ҳунарии «Фурӯғ» коргардон Одина Маҳмад намояндагӣ мекунад.
Ба бахши озмунии ин Кинофестивал аз 20 кишвари дунё 43 филм роҳ ёфтаанд ва барои дарёти ҷоизаҳои гуногун давоми 2 рӯз дар рақобат ҳастанд. Кинофестивал ба таври виртуалӣ ҷараён мегирад ва бинанда имкон дорад ройгон аз тамоми дунё филмҳоро бубинад.
Филми кӯтоҳи ҳунарии «Фурӯғ» кори авалли коргардони ҷавон Одина Маҳмад мебошад ва соли гузашта нахустнамоиши он дар Душанбе баргузор шуд.
Коргрдони филм ба мо иттилоъ дод, ки филм ба чанд кинофестивали дигар роҳ ёфтааст ва то охир сол дар ду кинофестивали Ҳиндустон иштирок мекунад.