Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ва дигар роҳбарони вазорату кумитаҳо, даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Даври ҷамъбастии Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён оғоз гардида, пас аз пешниҳоди барномаи фарҳангию фароғатӣ ғолибони озмун бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмун 508 нафар довталабон ширкат варзида 118 нафар соҳиби ҷоиза гардид.
Тибқи муқаррароти низомнома 49 нафар омӯзгороне, ки шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17 – сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода намуданд бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.