РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ҷамъбаст гардид

5 октябр дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки рӯзи 3.10.2023 ифтитоҳ гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар ин рӯз, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъолона дар Намоиши 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ба ноширони ватанӣ ва хориҷӣ “ДИПЛОМ” тақдим карда шуд.

Зимнан зикр карда шуд, ки ҳадафи намоиши мазкур ба китоб рӯй овардани аҳолӣ, пешрафти ҷомеаи солим ва рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст дар самти робитаҳои фарҳангӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram