5 октябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раиси иҷроияи Фонди Саудӣ оид ба рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршадро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо таҳкими муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ ва доир ба истифодаи имкониятҳои васеъ ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо Фонди Саудӣ оид ба рушд ва ҷалби сармояи он дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон табодули афкор намуданд.