РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе китоби «Гавазн ва шикорчӣ» рӯнамоӣ гардид

Дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯнамоии китоби нави адиб Маҷид Салим бо номи «Гавазн ва шикорчӣ» бо ҳузури адибон Раҳмат Назрӣ, Равшани Махсумзод, Ворис, дӯстдорони китоб, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои Душанбе баргузор гардид.

Китоби навбатии адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим аз ҳикояҳои «Саги доно», «Ҷуфти парасту», «Санговдавак», «Тилисми морон», «Заргулдор», «Гаҳвораҷунбон», «Бозгашти бабри барфӣ», «Харгӯши танҳо», «Ғурури озодапаланг», дар умум аз 33 ҳикоя иборат ёфтааст, ки дар ин ҳикояҳо табиати зебои Тоҷикистон, олами ҳайвоноту парандагон, муносибати наврасон ба онҳо ва таъсири инсон ба муҳити зист тасвир шудаанд.

Дар ҷамъомад ба муносибати рӯнамоии китоби «Гавазн ва шикорчӣ» оид ба услуб ва хусусияти хоси эҷодии муаллиф ва нақши китоб дар тарбияи насли наврас мулоҳизаҳо баён шуда, ҳамчунин порчаҳои ҷолиб аз ҳикоёт оид ба ҷаҳони афсонавии ҳайвоноту парандагон қироат шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram