РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳким меёбад

6 октябри соли 2023 дар толори шуъбаи самарқандии Академияи илмҳои Тӯрон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо раёсати шуъбаи мазкур доир гардид. Мавзуи асосии сӯҳбатро густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву илмӣ миёни соҳибкорону олимони ду кишвар дар бар гирифт. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар доданд.

Роҳбари филиали самарқандии Академияи илмҳо Ф. Аҳмадҷонов пешниҳод кард, ки як зумра ширкатҳои сайёҳӣ мехоҳанд дар ин бахш бо ширкатҳои шаҳри Панҷакент ҳамкорӣ кунанд ва масъалаҳои дигарро низ баррасӣ намоянд.  Нақша доранд, ки дар оянда дар шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд ва Панҷакент ҳамоиши илмӣ доир намоянд.         

    Дар ҷамъбасти мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба нишони сарисинагии «Садриддин Айнӣ» сарфароз гардонида шуд. Нишони мазкурро ба сафир Раиси шуъбаи самарқандии Академияи илмҳои Тӯрон  Ф. Аҳмадҷонов тақдим намуд. Ба ин нишон инчунин адиби шинохтаи тоҷик Адаш Истад ва рӯзноманигори пуркор Шаҳло  Аҳророва сарфароз гардиданд.

Нишони мазкур аз ҷониби Филиали самарқандии Академияи илмҳои Тӯрон ва Бунёди адабии С. Айнӣ таъсис ёфта, ба олимин, зиёиён ва чеҳраҳои фарҳангӣ ба хотири таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тақдим карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram