РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сокинони деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён низ бунёдкориҳо идома дошта, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як чоҳи амудӣ кофта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷа 180 хоҷагии деҳаи Қаҳрамон бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ бо оби тоза тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ силсилаи иншооти иҷтимоӣ бунёд шуда истодааст.

Таъкид карда шуд, ки сокинони деҳа бо зиёд шудани аҳолӣ ба оби тоза ниёз доштанд, ки ин мушкил пурра бартараф гардид. Аз ҷониби давлат​ дар маҳаллаҳои навбунёд марҳила ба марҳила шабакаи обтаъминкунӣ бунёд карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram