РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент 147 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» қадршиносӣ гардиданд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ҳамзамон ба 57 нафар омӯзгорони онҳо диплому сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тақдим шуд. Гуфта шуд, ки мукофоти пулии ғолибон тибқи тартиби муқарраршуда ба таври ғайринақдӣ пардохт мешавад.

Раиси шаҳр дар бораи моҳияту мақсади ба роҳ мондани ин озмунҳо, ки бо иқдом ва сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд, иштироки доираи васеи хонандагон, донишҷӯён, намояндагони дигар табақаҳо дар он сухан гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мутолиаи ҳарчи бештари китоб чун манбаи дониш, рӯ овардан ба илмҳои дақиқ, ихтироъкорию навоварӣ ва бештар фаро гирифтани хонандагону донишҷӯён ба ин озмунҳо ҷалб намуд.

Дар даври имсолаи шаҳрию вилоятии ин озмунҳо нисбат ба соли пешин шумораи бештари хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони дигар табақаҳои шаҳр иштирок намуданд.

Барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон анҷомбахши маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» буд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳод ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва соли 3-юм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегарданд.

Ин озмунҳо баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram