РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати фарҳанг таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили тақкими пояҳои давлатдории миллӣ” ҷамъомад баргузор гардид

9 октябри соли 2023 бо иштироки муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим ва кормандони вазорат оид ба тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили тақкими пояҳои давлатдории миллӣ” ҷамъомад баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Назариён Обид Одилзода оғоз намуда, оид ба мафҳуми Ватан, гиромидошт ва ҳифзи он андешаҳои худро иброз дошт: «Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои волои ҳар як инсон аст, ки бояд ҳанӯз аз синни хурдӣ дар қалби ҳар як инсон ҷо шавад. Барои дарки бузургӣ ва азамати Ватан бояд бештар ба китобҳои таърихӣ руҷӯъ кард. Зеро дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки аз ин неъмати бебаҳо маҳруманд».

Сипас Раҳимзода Шабнам Карим дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили тақкими пояҳои давлатдории миллӣ” баромад намуда, дар охир Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кормандон он бо Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram