РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба 60 нафар зани ҳунарманд грантҳои раиси вилояти Суғд супорида шуд

11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону бонувони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияташон грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси ​ вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбарт таъкид​ намуд, ки бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону бонувон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хоса равона гардида, занону бонувони эҷодкор, ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои Президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону бонувон дар амалӣ шудани нақшаву иқдомҳои созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд. Соли равон 18 нафар занону бонувони вилояти Суғд бо пешниҳод намудани лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои Президентӣ гардиданд. Дар пайрави ба сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд гранти Раиси вилоят таъсис дода шуда, давоми солхои 2010-2022 наздик 4 миллион сомонӣ грант ба занону бонувони ҳунарманд супорида шуда, ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар, рушди соҳаҳои мухталиф замина фароҳам овард.
Раиси вилояти Суғд илова намуд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон гардидааст ва дар татбиқи он саҳми занони соҳибкору ҳунарманд назарас аст. Занону бонувони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, рушди занбӯри асалпарварӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва бо фаъолият дар дигар самту соҳаҳои муҳим дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз дар вилоят 288 маркази ҳунармандӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумор 108 адад маркази таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад. Дар марказҳои таълмӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 690 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд 40 сехи дӯзандагӣ амал намуда, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол ва Деваштич коргоҳҳои қолинбофӣ аз нахи абрешим ва дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстону Хуҷанд ва Истаравшан коргоҳу корхонаҳои пойафзолдӯзӣ фаъолият доранд.
Сипас, ба 60 нафар заноне, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашон ғолиб дониста шудааст, грантҳои Раиси вилоят супорида шуд. Аз ҷумла,​ 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ,​ 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ва​ 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ба ғолибон тақдим гардид.
Барои дарёфти гранти Раиси вилояти Суғд соли равон аз 18 шаҳру ноҳия 125 лоиҳа пешниҳод гардида, дар натиҷа 60 нафар ғолиб дониста шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram