РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

11 октябр дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими қадршиносии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон — оинаи таърихи миллат” ва “Маснавихонӣ” бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.

Сараввал Фирӯза Шарифӣ муовини раиси вилоят суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар заминаи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон — оинаи таърихи миллат” ва “Маснавихонӣ” қарорҳои раиси вилоят тасдиқ гардида, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо дар маҷмўъ 1 млн. 481 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли 2022-юм 853 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Ҳамзамон қайд гардид, ки дар сатҳи озмунҳои ҳумҳуриявӣ, аз ҷумла дар озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» дар даври вилоятӣ 186 нафар довталаб иштирок намуда, 23 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифта, 4 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 8 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бошад дар даври вилоятӣ 704 нафар довталаб иштирок намуда, 115 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифта, 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 6 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 10 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.Ҳамзамон қайд гардид, ки дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар даври вилоятӣ 1042 нафар довталабон иштирок намуда, 128 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бошад 1138 нафар довталабон иштирок намуда, 110 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роњхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» 339 нафар довталабон иштирок намуда, 24 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта, айни замон љињати иштирок омодагӣ дида истодаанд.Дар маросими сарфарозгардонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии маросими ҳавасмандсозии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ва “Маснавихонӣ” иштироккчиён ва устодон қадршиносӣ гардиданд.Дар вилояти Хатлон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмунҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо нақша-чорабиниҳо ва ҷадвали баргузории озмунҳо омода карда шуда, сабқат дар асоси онҳо ҷараён дорад.Мавриди зикр аст, ки рафти озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср хеле афзун шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram