РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Шуғнон Рӯзи Фалак ботантана таҷлил гардид

10 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон бахшида ба Рӯзи фалак ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар тантана муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева ва муовини раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунча Саидарабзода ширкат намуданд. Муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева санъаткорони ноҳияро бо фарорасии Рӯзи фалак табрику шодбош гуфтанд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, бахусус ансамбли « Фалак»-и ноҳия аз рӯи сенарияи таҳиягардида баромад намуда, маҳорати фалаксарои худро пешкаши иштирокдорон намуданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия Абдуллоев Мастибек, Озодбеков Ҷангибек, Қобилшоев Раҳматсаид, Айдимамадов Бекмамад, Шехов Мамадзамир ва Абибулоев Амрик бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин бархе аз кормандони Қасри фарҳанги ноҳия бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram