Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 11 — уми октябри соли 2023 конференсияи байналмилалии илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар ташаккули илм ва фалсафаи Шарқ» ба ифтихори 1050 солагии мутафаккир баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ректори Донишгоҳ, д.и.ф., профессор Жило Гулназарзода дар бораи нақши бузурги Абурайҳон Берунӣ дар рушди илми ҷаҳон сухан гуфта, инчунин, изҳор дошт, ки абармардони миллати тамаддунофари тоҷик бо осори ҷовидонаашон на танҳо барои халқи худ хизматҳои пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумуи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми гаронарзишу мондагор гузоштаанд.
Дар идома, маърузаи Кароматулло Олимов, д.и.ф., профессор, академики АМИТ дар мавзуи “Масъалаҳои методологияи таҳқиқ дар осори Абурайҳон Берунӣ”, маърузаи Комили Абдулҳай, д.и.ф, профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Андар шинохти Берунӣ” ва маърузаи Бахтиёр Каримов, д.и.ф., профессор, директори Маркази берунишиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон дар мавзуи “Андешаҳои олим ва энсиклопедист Абурайҳон Берунӣ” пешниҳоди ҳозирин шуд.
Ҳамчунин, Муҳиба Маҳмадҷонова, д.и.ф., профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Масоили инсоншиносӣ аз нигоҳи Абурайҳон Берунӣ”, Соқӣ Султонзода, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони фаронсавии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзуи “Абурайҳон Берунӣ дар баҳои шарқшиносони фаронсавӣ” ва Диловар Маҷидов, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДБЗХТ ба номи С.Улуғзода дар мавзуи “Табиат дар афкори фалсафии Берунӣ” суханронӣ карданд. Сипас профессори Ҷумҳурии Исломии Эрон Мансур Азизӣ баромад намуд
Назари иштирокдорон доир ба мавзуъҳои пешниҳодгардида мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки конференсия кори худро пас аз нисфирӯзӣ дар бахшҳои “Нақши Абурайҳон Берунӣ дар рушди илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ” ва “Абурайҳон Берунӣ ва масоли илмҳои дақиқ ва табиӣ” бо иштироки олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ идома дод.