РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ — бузургтарин шоири ғазалсарои тамаддуни башарӣ

Ба ифтихори Рӯзи Ҳофизи Шерозӣ

Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин шоирони форсу тоҷик буда, дар ибтидои асри ХIV (ҳудуди солҳои 1320-1326) дар Шероз таваллуд ёфтааст. Падараш Баҳоуддин марди бозаргон буд, ки дар замони салтанати Атобакони Салғурии Форс аз Исфаҳон ба Шероз муҳоҷират намуда ва модараш низ аҳли Козирун будааст. Ҳофиз тифли хурдсол буд, ки падараш вафот мекунад, бародаронаш барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҳар шаҳре пароканда мешаванд ва ӯ бо модараш дар Шероз мемонад. Рӯзгори фақирона доштанд ва баъд аз он ки ба балоғат расид, дар нонвойхонае ба хамиргарӣ машғул шуд. Ишқ ба таҳсили камолот ӯро ба мактаб овард ва дар қатори шогирдони Мавлоно Шамсуддин Абдуллоҳи Шерозӣ даромад. Тибқи маълумоти тазкираҳо, Ҳофизи ҷавон маблағи ёфтаашро се қисмат мекардааст: як қисм барои зиндагии худашу модараш, қисми дигар барои харҷи мактабу мадраса ва қисми сеюм барои ёрӣ ба бечораю бенавоён. Ин ривоят аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳофиз кордӯст, заҳматкаш, донишпарвару илмдӯст ва хеле раҳмдил будааст. Вай аз хурдӣ на танҳо хонаводаашро таъмин намуда, балки таҳсили илмро низ идома додааст. Ҳофиз дар овони ҷавонӣ аксари илмҳои роиҷи замонашро аз худ мекунад. Ӯ Қуръонро бисёр мутолиа мекарду ҳофизи Қуръон буд ва тахаллусаш низ баргирифта аз ин матлаб аст, чунонки, худ мегӯяд:

Надидам хуштар аз шеъри ту, Ҳофиз,

Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ.

Дар бораи зиндагии хонаводагии шоир маълумоти кӯтоҳе дар даст дорем. Дар асоси ривоятҳои афсонаомезе, ки тазкира-нигорон нақл намудаанд, гӯё дар ҷавонӣ ошиқи духтаре бо номи Шохи Набот шуда ва ӯро ба никоҳи худ дармеоварад. Шоир чанд ҷо дар девонаш ба марги фарзандаш ишора кардааст, ки ба соҳиби зану фарзанд будани ӯ далолат мекунад.

Шероз дар замони зиндагии Ҳофиз вазъи орому собите надошт, аммо яке аз марказҳои бузурги илмию адабиии Эрон ба шумор мерафту донишмандону шоирони зиёде дар ин шаҳр зиндагию эҷод мекарданд. Ҳофиз дар муҳити адабию илмии Шероз, ки маскани орифону олимон ва шоирону нависандагон буд, камол ёфтааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ Ҳофизро бо унвони «нодираи замону уъҷубаи ҷаҳон» ном мебарад ва ӯро «Лисонулғайб» мехонад.

Ҳофиз аз хурдсолӣ шеър месуруда ва дар ин ҳунар истеъдоди баланд доштааст. Ба ҷуз аз доираи адибони дарбор, шоирони Шероз маҷлиси озоди шеър доштаанд, ки дар он ҷо мушоира ва мунозираҳо баргузор мекарданд. Ҳофизи ҷавон дар ин гуна маҳфилҳои шеър ширкат меварзида ва шуҳрати шоирии Ҳофиз аз ҳамин ҷо оғоз ёфтааст.

Ҳофиз дар замони зиндагиаш машҳур мегардад ва овозаи шоирии ӯ ба Мовароуннаҳру Хуросон, Ҳиндустон ва Ироқу Озарбойҷон мерасад. Бино бар шаҳодати аввалин мураттиби Девони Ҳофиз Муҳаммади Гуландом, «равоҳили ғазалҳои ҷаҳонгираш дар аднои муддате ба ҳудуди ақолими (иқлимҳо) Туркистон ва Ҳиндустон расида ва қавофил (қофилаҳо)-и суханҳои дилпазираш дар ақалл (камтарин)-и замон ба атроф ва акнофи Ироқайн ва Озарбойҷон кашида… Самоъи суфиён бе ғазали шурангези ӯ гарм нашудӣ ва базми подшоҳон бе нуқли сухани завқомези ӯ зебу зинат надоштӣ, балки ҳою ҳуи мастон бе валвалаи шавқи ӯ набудӣ ва суруди рӯди майпарастон бе ғулғулаи ишқи ӯ равнақ наёфтӣ». Овозаи Ҳофизро шунида, шоҳону ҳокимони зиёде аз Ҳиндустону Ироқ ӯро ба дарборашон даъват мекунанд. Вале Ҳофиз даъвати ягон ҳокимро напазируфта, зиндагии озод дар ватанро аз шукӯҳу азамати дарбор боло мегузорад. Ҳамин тариқ, шоири озодфикри ватанпарвар соли 1389 (ба қавле 1391) дар Шероз аз олам чашм мепӯшад. Марқади Ҳофиз дар Шероз дар гулгашти Мусалло воқеъ аст, ки имрӯза зиёратгаҳи мардуми шеърдӯсту соҳибназар мебошад ва бо номи «Ҳофизия» шуҳрат дорад.

  • Аз Ҳофизи Шерозӣ девоне боқӣ монда, ки аз 494 ғазал, 41 рубоӣ, 34 қитъа, 3 қасида ва 2 маснавии кӯтоҳ иборат мебошад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» аз номи яке аз азизони силсилаи хоҷагони нақшбандия фармуда, ки «ҳеч девон беҳ аз девони Ҳофиз нест». Девони Ҳофиз на танҳо дар миёни мардумони форсизабон, балки дар кишварҳои дигари Шарқ, аз қабили Ҳиндустону Покистон, Туркия ва мамлакатҳои араб низ шуҳрати тамом дошт. Мавҷуд будани нусхаҳои хаттии зиёди девони ӯ дар ин сарзаминҳо, пайдо шудани силсилаи шарҳҳои боарзиш ба он, нашр ва таҳқиқи он, ҳамчунин тарҷумаҳои гуногуни шеъри Ҳофиз ба забонҳои урду, панҷобӣ, синдӣ, ҳиндӣ, пашту, балуҷӣ, арабӣ, туркӣ, ӯзбакӣ, озарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ, доғистонӣ, болқарӣ, гурҷӣ, арманӣ ва ғайра, тақлид ва пайравиҳо ба ашъори ӯ далели равшан бар ин шуҳрат аст.

Аз асри ХVII мардуми Аврупо бо воситаи тарҷумаи шеърҳои ҷудогонаи Ҳофиз бо ӯ ошно шуда буданд, аммо шуҳрати воқеъии ин шоири бузурги Шарқ пас аз чопи тарҷумаи комили Девони Ҳофиз аз тарафи шоир ва тарҷумон Йозеф фон Ҳаммер Пургштол ба забони олмонӣ дар соли 1812 ва хосса баъд аз бо шӯру ваҷд пазируфта шудани он аз тарафи шоири бузурге мисли Иоҳан Волфҳанг Гуте ва дар пайравии Ҳофиз офаридани асари машҳури ӯ «Девони шарқии шоири ғарбӣ» (номи нахусташ «Маҷмуаи ашъоре ба шеваи Муҳаммад Шамсуддини Ҳофиз, сарояндаи бузурги форсӣ») оғоз гардид. Ин тарҷумаи олмонӣ дар марҳилаи аввали шиносоии аврупоиён бо шеъри Ҳофиз замина барои тарҷума ба забонҳои дигари ғарбӣ, аз ҷумла ба русӣ, чехӣ ва ғайра шуд. Ба шарофати тарҷумаи ғазалиёти Ҳофиз ба забонҳои ғарбӣ (олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ, испонӣ, лаҳистонӣ ва ғайра) навъи ғазал ба адабиёти ғарбӣ роҳ ёфт ва касоне мисли шоирони олмонӣ Август фон Платен, Фридрих Рюккерт ва Ҳуфмонстол пайдо шуданд, ки «ҳаммонанди ғазалҳои Ҳофиз» бо риояти лафзу маънии он, аз ҷумла қофия ва радиф шеър гуфтаанд. Эътирофи нобиғаи адабиёти ҷаҳонӣ Гуте низ тасдиқ бар ин падидаи адабӣ мебошад. Ӯ гуфта буд, ки «ба ростӣ девона мешавам, агар барои таскини ҳаяҷони худ ба гуфтани ғазал оғоз нанамоям».

Ҳама он донишмандон ва суханварони бузурги олам, ки ба шеъри Ҳофиз назар доштаанд, ӯро «мумтозтарин, маҳбубтарин ва мардумитарин» шоири олам донистаанд ва бар он адешаанд, ки «нагуфтӣ кас ба ширинӣ чу Ҳофиз шеър дар олам» ва «ҳеч девон беҳ аз девони Ҳофиз нест».

Эътирофи бузургони илму адаби ҷаҳонӣ аз Ҳофизу шеъри Ҳофиз, пеш аз ҳама, ба ҳунари шоирии вай марбут аст, ки ҳатто ҳар як ҳарфу калима дар шеъри ӯ ҷойи худро дорад, агар калимаҳо иваз карда шаванд, шояд вазну маънии шеър халал наёбад, аммо инсиҷому истеҳком, якпорчагию ҳамоҳангии ҳарфҳою калимот ва вусъати маъноӣ барҳам мехӯрад ва зебоии каломи Ҳофиз мекоҳад. Дар баробари ҳунари воло шеъри Ҳофиз маънои олии инсонгароёна дорад. Ситоишу тарғиби инсони озодаест, ки аз ҳама гуна тааллуқот озод ваашрафи махлуқот аст. Ҳадафи Ҳофиз аз тарғиби инсони озоду вораста аз ҳама гуна тааллуқот танҳо тарбияти мардуми ҳамзабону ҳамдин нест, балки саодати дуҷаҳонии инсоният аст. Аз ин рӯ, ашъори ӯ мақбули хосу омми на танҳо фарсизабонон ва ё мусалмонон, балки писанди кулли мардуми зебописанду озодипарасти сайёра аст.

Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалиёти ошиқонаи орифона аст. Пеш аз Ҳофиз шоирони бузурге, монанди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ғазали орифона ва Саъдии Шерозӣ ғазали ошиқонаро ба ҳадди камол расонда буданд. Ҳофиз ду шеваи ғазалсароии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ: ошиқона ва орифонаро бо ҳам омехт ва сабке ба вуҷуд овард, ки на дар гузашта собиқа дошт ва на баъд аз ӯ касе аз суханварон тавонист сабки сухани ӯро бе каму кост риоя кунад ва ғазали ҳофизона бигӯяд. Ҳарчанд шоирони зиёде аз ӯ пайравӣ карданд ва ҳатто шоирон ҳам ҳастанд, ки девони ӯро ҷавоб гуфтаанд, аммо касе ба пояи ӯ нарасидааст.

Барои кашфи рози шуҳрати беандозаи Ҳофиз ва шеъри ӯ ҳофизшиносон бар оншуданд, ки бояд ба ду саволи «Ҳофиз чӣ мегӯяд?» ва «чӣ тавр мегӯяд?» ҷавоби дуруст гуфт. Ба ин манзур андаке баъд аз вафоти Ҳофиз то ба имрӯз донишмандоне ба забонҳои гуногун девони ӯро шарҳу тафсир додаанд ва ҳазорон рисолаҳои тадқиқотию мақолоти илмӣ доир ба рӯзгору осор ва андешаҳои ин шоири нодирагуфтор ба табъ расида, ки агар ҷамъоварӣ шаванд як китобхонаи бузург ташкил мешавад, вале то кунун китобе дар даст надорем, ки бозгӯйи тамоми розу ниёзи ашъори Ҳофиз бошад.

Бидуни шубҳа, Ҳофиз аз шеъри шоирони пеш аз худ, монанди Рӯдакию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Хоҷуи Кирмонӣ баҳра бурдаву бо муосирони худ Носири Бухороию Салмони Соваҷӣ ва Камоли Хуҷандӣ ҳамсуханӣ доштааст. Мазмунҳоеро, ки аз онҳо иқтибос намуда, ба беҳтарин ваҷҳ, ба сабку шеваи хоси худ баён намуда, ки аз асли худ олитар баромада аст.

Дар мавриди сабабҳои имтиёзу азамати нубуғосои Ҳофиз ҳофизшиносон сухан бисёр гуфтаанд, ки агар хулоса намоем, ба тариқи зайл аст:

  • Шеъри Ҳофиз дилнома, руҳнома ва оинаи тамомнамои инсони озод аст, ки рисолати инсонӣ ва орзую ормони ӯ дар беҳтарин ваҷҳи ҳунарӣ ба тасвир омадааст. Ҳофиз барои ин инсони озода устура ва истилоҳоте сохта, ки баёнгари орзую ормони ӯст, монанди пири муғон, дайри муғон, ринд, соқӣ, май, майхона, харобот, муғбача, ҷому соғар, боди сабою мушку нофа аз як сӯ ва аз тарафи дигар, зоҳиду сӯфӣ, шайху обид, масҷиду савмаа, хонақоҳ ва ғайра. Ҳамаи ин ашхосу ашё ва макону замон абъоди асостирӣ доранду одӣ нестанд, имтиёзи бештаре аз воқеият доранду ормонитару абадиянд. Масалан, пири муғони Ҳофиз ҳам нақше аз пири рӯҳонии зардуштӣ дораду ҳам таркибест аз пири тариқату пири майфурӯш ва ё ринди ӯ таркибёфта аз инсони комили орифон ва гадои раҳнишини дурднӯшест, ки ду дунёро ба ёди маъшуқ пушти по задааст. Агарчи ин ҳама истилоҳоту мафҳумҳо дар шеъри шоирони пеш аз Ҳофиз будаанд, вале танҳо дар шеъри Ҳофиз ба устураи тамомиёр табдил шудаанд.

Яке аз чеҳраҳои дурахшон дар шеъри Ҳофиз образи ринд аст, ки тимсоли ҳамон инсони озод аст. Ринди Ҳофиз омезише аз инсони комили ирфон ва ринд ба маънои луғавии он аст. Вай як шахси лоуболи озодаю ҳақиқатпараст аст, ки дар баробари арзишҳои таҳмилию дурӯғин исён мекунад. Ҳофиз дар симои ринд шахсияте сохта, ки донову нуктасанҷ ва бохираду зирак асту дорои андешаи орифона ва ҷаҳонбинии ошиқона мебошад. Ринди Ҳофиз баръакси зоҳидони хушки зоҳирпараст тарки дунё намекунад, балки аз зиндагию хушиҳои он нек баҳравар аст. Муҳимтарин хусусияти ринд аз лиҳози илмӣ ҳамин бебокию ҷонбозӣ, суннатшиканӣ ва истиқлол аз бадномӣ дар раҳи ишқ ва саранҷом мубориза бо аҳли зуҳди риёиву тазвир аст.

Дигар аз ваҷҳи имтиёз ва азамати Ҳофиз фазлу фарҳанг ва мақоми илмии ӯст, ки девонаш гувоҳи ин матлаб аст, алалхусус дар илми қуръоншиносӣ. Чаро ки вай ҳофизи Қуръон дар чаҳордаҳ ривоят буда ва тахаллуси адабияш низ аз ҳофизи Қуръон буданаш аст:

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз

Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.

Ҳофиз қории содаи Қуръон нест, балки Қуръонхонию Қуръондонии шоир то ба ҳадде буда, ки мазмунҳои оятҳою сураҳои Қуръон дар шеъри ӯ таҷаллӣ кардаанд ва сохтори дохилии ғазалиёташро низ дар асоси созмони дохилии оятҳои ин китоби муқаддас ба роҳ мондааст. Худи шоир борҳо ба ин нукта ишора намудааст:

Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард,

Латоифи ҳикамӣ бо нукоти қуръонӣ.

Ҳофиз аз илми калом низ баҳраи тамом доштааст. Талмеҳот ва масъалаҳои каломӣ, монанди ҷабру ихтиёр ва назарияи касбу маъодандешӣ аз мавзӯъҳои муҳимми шеърии ӯст. Дар ирфон низ, чи дар ирфони амалӣ ва сайру сулуку таҳзиби нафс ва ҳам дар ирфони фалсафаомези назарӣ, чи мактаби ирфони ошиқонаи Хуросон ва чи мактаби ирфонии Ибни Арабӣ Ҳофиз мақоми хеле баланд дорад. Андешаҳои ирфонӣ дар аксари ғазалиёти шоир ба назар мерасад. Ҳофиз ҳам ориф асту ҳам ирфоншинос. Дар таърихи адабиёту тамаддуни мо касе монанди ӯ аз каҷравиҳои сӯфиёну зоҳидон бо ин андоза аз сароҳату танз ва зебоӣ интиқод накардааст. Дониши адабии Ҳофиз дар ҳаддест, ки хурдтарин нукоти илми балоғатро бо зарифтарин ҳолат ҷазб ва дар ҳунари худ харҷ кардааст.

Ҳофиз шоири андешаманд аст ва дар шеъраш андешаҳои фалсафӣ бо забони шоирона ва бидуни бакоргирии истилоҳоти фаннии фалсафӣ баён шудаанд. Ҳофиз на танҳо ба масъалаҳои адабӣ, яъне, шеъру шоирӣ, балки ба масъалаҳои абадӣ, чун ҳаёту марг, қазою қадар, сарнавишт, ҷабру ихтиёр ва ғайра андеша карда шеър месарояд ва дар ҳоли шеър гуфтан амиқ меандешад.

Ҳофиз як шоири мутафаккир аст, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеа меандешад ва роҳҳои раҳоиро аз мушкилоти мавҷуда пешниҳод мекунад. Масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне, дардҳою фасодҳо, беадолатиҳо, риёкориву мардумфиребӣ ва дигар доғҳои ҷомеаро мешиносад ва монанди як ҷарроҳи чирадаст бо теғи интиқод мешикофаду бо меҳрубонӣ марҳам мениҳад. Дар таърихи адабиёти мо ҳеч шоире ба андозаи Ҳофиз аз дарди ҷомеа сухан нагуфтааст. Савмааю савмаанишинон, хонақоҳу сокинони он, хирқаю хирқапӯшон, суфию зоҳид, шайху муҳтасиб, маҷлиси ваъзи воиз ҳама мавриди танзу танқиди ин шоири бузург қарор гирифтаанд. Хонақоҳу савмаа, масҷид, рӯзаю намоз, хирқаю тасбеҳ саҷҷода инҳо ҳама дар худии худ мусбатанду ҳеч гунаҳе надоранд, аммо суфию зоҳид, шайху муҳтасиб ва обиду воиз ин асбобу ашёи диндориро олуда сохта, воситаи тазвиру риё қарор додаанд. Ҳофиз бар зидди олудасозони ин арзишҳои динӣ бармехезад:

Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Девони Ҳофиз намунаи волои фасоҳату суханварӣ дар забони форсӣ-тоҷикӣ аст, ки тамоми дастуроти сарфию наҳвӣ дар ҳадди аъло корбаст шудааст. Ҳофизшиносон бар он андешаанд, ки бо такя бар девони Ҳофиз метавон тамоми қоидаву дастури забони форсӣ-тоҷикиро муайян намуд.

Шеъри Ҳофиз тавассути интихоби вазну қофияҳои матбуъу хушхон ва ҳамчунин гулчин намудани ҳуруфи ҳамҷинс дар калимот хусусияти мусиқоии беназир касб карда аст.

Шеъри Ҳофиз таъвилпазир аст, яъне, шеъри ӯ таъбиру тафсир ва шарҳҳои чандгонаю чандгуна дорад. Муҳимтарин санъате бадеӣ, ки дар ғазалиёти ӯ аз ҳама бештар ба кор рафта, санъати иҳом асту иҳомгароӣ хоси шеъри ӯст. Масалан, бодаву шароби ӯро метавон ҳам ангурӣ тафсир кард ва ҳам ирфонӣ. Ё танзу ҳаҷви ӯро ба муқаддасоте монанди тасбеҳу хирқа, ки киноя мезанад, ҳам метавон ба ақидамандии ӯ ба шариату тариқат ва ҳақиқат қабул кард ва ҳам ба беэътиноии ӯ ба ин арзишҳои динӣ. Ҳамчунин байни ишқи заминию инсонӣ ва осмонию ирфонии ӯ фарқи чандоне нест.

Аз хусусиятҳои дигари шеъри Ҳофиз тарабнокӣ ва умедворкунанда будани он аст. Хонандаи шеъри Ҳофиз ҳеч гоҳ ноумед намешавад, дар ҳама мушкилот даре барои ӯ боз мешавад. Аз ҳамин сабаб аз девони Ҳофиз фол мекушоянду ба таъбири он амал мекунанд. Танз ва таҷоҳули орифи Ҳофиз баръакси бузургоне чун Убайди Зоконӣ ҳаргиз ба ҳазлу ҳаҷв намерасад.

Девони Ҳофиз аҳамияти умумиҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ дорад ва адабиёти оламшумули форсу тоҷикро ба қуллаҳои баландтаре бардошта, ба хазинаи тилоии тамаддуни ҷаҳонӣ абадӣ дохил гардида аст.

Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ, доктори илми филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram