РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов аз олам даргузашт

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги мамлакат хабар дод.

Холаҳмад Маҷидов соли 1967 омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, 1971 Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1972-75 директори мактаби мусиқии н. Москваи вилояти Хатлон, аз с 1975 хормейстер ва аз соли 1981 сархормейстри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Маҷидов донандаи хуби мусиқӣ, навозандаи якчанд созҳои гуногуни мусиқист. Ба қавли М. Карамхудоев: «Фаъолияти кориаш чун хормейстер аз соли 1973 оғоз ёфтааст. Солҳои 1973-75 хормейстери сурудҳои дастаҷамъии н.–ҳои Москва, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Кӯлоб ва Панҷакент дар озмуни «Бустон» буд.

Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ зиёда аз 100 опера ва намоишномаҳоро барои атфолу наврасон ба саҳна гузоштааст. С. 1998 хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии Маҷидов дар Озмуни байналмилалии хорсароён бо иштироки 39 кишвар ҷои дувумро соҳиб гашт. Барномаи сурудҳои халқии дастаҷамъии Театр низ дар ҳамин озмун ғолиб дониста шуд. Маҷидов дар хониши сурудҳои дастаҷамъиии ҷашнҳову намоишҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ кардааст»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram