РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб маҳфили «Ҳақназархонӣ» доир гардид

Дар донишгоҳу коллеҷҳо ва ташкилоту муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб маҳфили «Ҳақназархонӣ» бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодии мартабадори ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав – Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб идома дорад.
Чорабинии навбатӣ, 12 октябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №19, ки дар деҳаи Офтоблиқо, зодгоҳи шоир ҷойгир аст, баргузор гардид ва омӯзгорону хонандагон аз фаъолияти эҷодии шоир ҳарф зада, қайд доштанд, ки – устод Ҳақназар Ғоиб дар тӯли 60 соли фаъолияти эҷодиаш зиёда аз 30 маҷмӯаи ашъорашро пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонидааст. Ҳамзамон дар баробари ситоиши Модару Ватан, барои наврасону ҷавонон низ шеърҳо эҷод намудааст.
Хонандагон дар баромади худ доир ба фаъолияти шоир қайд намуданд, ки – Устод Ҳақназар Ғоиб дар баробари эҷоди шеърҳо ба касби рӯзноманигорӣ низ шуғл варзида, солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муҳаррир, котиби масъул ва сармуҳаррири рӯзномаҳои шаҳриву вилоятӣ фаъолият кардааст.
Шоир дар баробари эҷоди шеър асарҳои шоирони бурунмарзиро ба забони тоҷикӣ баргардонида, пешкаши хонандагон кардааст. Аз ҷумла, ашъори Евтушенко, Есенин, Григол Абашидзе, Ҳусейн Ҳусейнзода, Гёте, Мижилайтес, Евгений Баратинский, Иван Бунин, Ақсад Мухтор, Махдумқулӣ, Яъқуб Колас, Абдулло Орифро тарҷума кардааст. Шеърҳояш ба ҳама забони давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он тарҷума ва интишор гардидаанд. Китобаш бо забони русӣ дар Маскав («Дорожный провиант») нашр шудааст.
Дар чорабинии фарҳангӣ дар баробари хонандагони мактабҳои №№ 12 ва 19, шоирон ва шогирдон ва дӯстдорони ашъори шоир Ҳақназар Ғоиб риштаи суханро ба даст гирифта, дар баробари қироати шеърҳо иштирокдорони ин чорабиниро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ ва хизмати шоиста ба ин давлату миллат, бахусус ҷонибдорӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуданд.
Қобили зикр аст, дар чорабинии мазкур ҳунарманди шинохта Нурулло Холов иштирок дошт ва бо суруду савти дилнишин аз ашъори шоир ба иштирокдорон илҳоми тоза бахшид.
Хонандагони муассисаҳоии таълимӣ №№ 12, 19, ки дӯстдори назми ин шоиранд, аз эҷоди нави ӯ шеърҳо қироат намуданд. Дар хотимаи чорабинӣ аз китобҳои тозаэҷоди шоир ба китобхонаи муассисаи таълимӣ якчанд адад туҳфа карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram