РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Зафаробод 11 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардида, бо кишоварзон суҳбат намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Соли равон дар ноҳияи Зафаробод дар 11 ҳазору 172 гектар кишти пахта гузаронида шуда, заркорон азм доранд, ки беш аз 33 ҳазор тонна дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ намоянд. То имрӯз зиёда аз 11 ҳазор тонна пахта​ истеҳсол​ гардидааст.

Зимни сафари корӣ ба ноҳия​ Раиси вилоят дар хоҷагиҳои пахтакори «Муҳаммадҷон 2016» ва​ «Муқим» бо чинакчиёну саҳмдорон ва ҳашрчиён аз шаҳри Истаравшан суҳбат карда, барои пурраву беталаф ғунучин намудани пахта дастуру тавсияҳо дод. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамарӯза то 400 нафар сокинони касбу кори гуногун аз Истаравшан ва 100 нафар аз шаҳри Хуҷанд ба кӯмаки пахтакорони Зафаробод омада, саҳми худро дар ҷамъоварии «тиллои сафед» гузошта истодаанд.​

Дар суҳбат бо хоҷагидорону чинакчиён роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Сари​ вақту беталаф ҷамъоварӣ кардани​ пахта боиси рушди соҳа, таъмини коргоҳҳои нассоҷӣ бо маҳсулоти хом ва ба кори доими ҷалб намудани сокинон мегардад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамотаи деҳоти Равшани ноҳия Раиси вилоят бо деҳқонон ва ҳашарчиён аз ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон мулоқоти гарму самимӣ анҷом дода, саҳми эшонро дар ҷамъоварии ҳосили пухтарасида назаррас арзёбӣ дошт. Таъкид гардид, ки соли равон заркорони ноҳия бояд зиёда аз 33 ҳазор тонна пахта истеҳсол​ намоянд. Барои ин имконият ва захира дар ноҳия мавҷуд буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани корҳо ва расонидани кӯмак аз тарафи ҳашарчиён аз дигар шаҳру навоҳӣ метавон ба натиҷаи назаррас ноил гашт. Деҳқонони ноҳияи Зафаробод дар кишту парвариши пунбадона таҷрибаи хело ғанӣ дошта, ҳамасола барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҷаҳду талош меварзанд. Раиси вилоят дар чунин лаҳзаҳои ҳалкунанда худро паҳлуи мардуми шарифи Зафаробод қарор доданро муҳим арзёбӣ дошта, таъкид намуд, ки бояд тамоми қувваи кориро барои сари​ вақту беталаф ҷамъовари кардани​ ҳосил​ равона кард.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосид барои ҳашарчиён дастуру супоришҳои мушххас дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram