РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Симпозиуми байналмилалии «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ба кори худ оғоз кард

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» Конференсияи дуюми байналмилалӣ ба кор оғоз кард.

Пеш аз оғози конференсия аҳли илму адаб ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат дар пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ гул гузошта, оид ба осор ва рӯзгори ӯ суҳбат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани бахшҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии таълифоти Фирдавсӣ аст.

Конференсия аз 4 бахш: таърих, фалсафа, ҷуғрофия, адабиётшиносӣ, забоншиносию фарҳанг ва ҳунар иборат буда, аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ маърузаҳо пешниҳод мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram