РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хуҷанд. Дар мавзуи “Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО” машварати омӯзишӣ доир шуд

Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма бо иштироки масъулини дахлдор санаи 12 октябри соли 2023, дар шаҳри Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” доир карда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар семинари мазкур роҳбарияти Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд, доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва матбуоти вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинии мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва матбуоти вилоят, инчунин нақши сазовори онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии вилоят суханронӣ намуд.

Дар баромади  худ мардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иброз дошт, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолияти бонизоми воситаҳои ахбори омма заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар шароитҳои созгори корӣ фароҳам оварда шудаанд ва дар ин замина, воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти самарабахши худ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши босазо гузошта истодаанд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳои барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххасро барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводи чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ намудааст, ки албатта, аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.

Мақсад аз баргузории семинар — машварати мазкур қабл аз ҳама якҷо бо масъулини воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани меъёрҳои қонунгузории соҳа, муҳокима намудани мушкилоти дар ин соҳа мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли он арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ мутахассисони соҳа доир ба нозукиҳои пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, тартиби дурусти ташхиси маводи омодашуда қабл аз чопи онҳо, инчунин тадбирҳои ҷавобгарии қонунӣ зимни ифшои сирри давлатӣ дар маводи чопӣ андешаронӣ намуданд.

Дар охири семинар – машварат ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самти фаъолият ва дигар маводи зарурӣ дастрас карда шуда, тасмим гирифта шуд, ки робитаи байни Саридораи хифзи сирри давлатӣ бо масъулини матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят баҳри мақсаднок амалӣ намудани фаъолият тақвият бахшида шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram